LIVE

Тими миллии Тоҷикистон аввалин тамринҳояшро дар Давҳа анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили яккачини Арабистони Саудӣ ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Давҳа шуруъ кард.

Дар тамринҳои аввалини мунтахаб, ки таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе доир гаштанд, 15 бозигар ширкат кард. Даҳ футболбози боқимонда дар ихтиёри бошгоҳҳои худ буда, марҳила ба марҳила ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил мешаванд.

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон дар иртибот ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, аз ин рӯ, тамоми машқҳои даста дар ҷамъомади тамринии Давҳа шабона сурат мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив