LIVE

Ду бозии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дод.

Футзалбозони мо дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду вохӯрии дӯстона анҷом дода, дар ҳарду бо ҳисоби 1:2 ва 2:4 шикаст хӯрданд. Дастаи Тоҷикистон ин бозиҳоро бидуни чанд бозигари асосӣ анҷом додааст – Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов, Комрон Алиев ва Шавкат Ҳалимов дар ҳайати бошгоҳҳои худ қарор доранд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ ба Тошканд меравад ва онҷо бо тими миллии Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 4 ва 5 март баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив