LIVE

Анҷомёбии ҷамъомади тамринии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

ТИМИ МИЛЛИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ МАРҲИЛАИ АВВАЛИ ҶАМЪОМАДИ ТАМРИНИРО БАРГУЗОР КАРД 

Яккачини мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 таҳти роҳбарии сармураббӣ - Пайрав Воҳидов дар шаҳри Душанбе ҷамъомади якҳафтаина баргузор намуд.
 Сармураббии мунтахаби футзали кишвар  - Пайрав Воҳидов 18 бозигар – 4 дарвозабон ва 14 бозигари майдонро ба тамринҳо даъват кард, ки он аз 23-юм то 30-уми январ дар Маҷмааи варзишии “Кохи олимп”-и пойтахт доир шуд. 
Тими миллии Тоҷикистон субҳи 31-юми январ ба Кувайт  сафар мекунад ва дар ин кишвар дар баробари машқу тамрин ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Пас аз баргузории бозиҳои дӯстона бо Кувайт миллипӯшони мо санаи 6-уми феврал ба шаҳри Дубайи АМА  сафар намуда, дар он ҷо то 13-уми феврал бо яккачини АМА ду дидори рафиқонаи дигар доир мекунанд.  Инчунин дар идомаи омодагӣ бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ машқҳои дастаҷаъмонаи 17 рӯза доир намуда, бо ҳамтоёни хеш аз Арабистони Саудӣ ду рақобат барпо мекунанд. Марҳилаи охири омодагиро ба Ҷоми Осиё-2024 дастаи Пайрав Воҳидов аз 1-ум то 5-уми март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида, ҳамзамон бо ҳамтоёни ӯзбеки хеш ду бозӣ доир менамояд.    
Дастаи мо дар қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки  аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Қирғизистон бозӣ мекунад.  

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»),  Фирӯз Бозмамадов (бе даста).  
Бозигарони майдон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Шавкат Ҳалимов, Насратшо Исмоилов, Некрӯз Идиев, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев ( ҳама аз «Истиқлол»),   Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев («Амонатбонк»), Некрӯз Алимаҳмадов (бе даста). 
Ҳайати мураббиён ва маъмур: Бобоҷон Қаландаров - мудири даста, Пайрав Воҳидов - сармураббӣ, Акбар Ортиқов - ёвари сармураббӣ, Акбар Абдуллоев - мураббӣ-таҳлилгар, Элчибек Элчибеков - маъмур, Анвар Ҷалилов – духтур.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив