LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади тамринии ниҳоии худро оғоз кард

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҷамъомади ниҳоии тамринии худро қабл аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард. Ҷамъомади ниҳоии даста имрӯз, 25 сентябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон оғоз шуд. Пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд меравад ва дар онҷо бо бошгоҳи футзали ВМВ – қаҳрамони Ӯзбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 2 ва 3 октябр барпо мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони дастаи мо тимҳои Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва ҳамчунин ҳафт дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондоди беҳтарин ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив