Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки аз 23 то 30 июл дар Душанбе баргузор мешавад, дар Гулистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.
Дастаи Пайрав Воҳидов дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон аз рӯйи реҷаи тамринии дукарата машқ дорад.
Дар мусобиқаи CAFA дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.
🏆 «CAFA Futsal Cup-2023»
🔺Иштирокчиён:
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🇮🇷 Эрон
🇺🇿 Ӯзбекистон
🇰🇬 Қирғизистон
🇹🇲 Туркманистон
🇦🇫 Афғонистон
⚽️ Даври 1
📅 23 июл (якшанбе)
12:00 | 🇰🇬 Қирғизистон – 🇦🇫 Афғонистон
15:00 | 🇮🇷 Эрон – 🇹🇲 Туркманистон
18:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
⚽️ Даври 2
📅 24 июл (душанбе)
14:00 | 🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон
17:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇦🇫 Афғонистон
20:00 | 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон
⚽️ Даври 3
📅 26 июл (чоршанбе)
14:00 | 🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон
17:00 | 🇦🇫 Афғонистон – 🇮🇷 Эрон
20:00 | 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇬 Қирғизистон
⚽️ Даври 4
📅 28 июл (ҷумъа)
14:00 | 🇮🇷 Эрон – 🇺🇿 Ӯзбекистон
17:00 | 🇰🇬 Қирғизистон – 🇹🇲 Туркманистон
20:00 | 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
⚽️ Даври 5
📅 30 июл (якшанбе)
14:00 | 🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон
17:00 | 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇰🇬 Қирғизистон
20:00 | 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон
