LIVE

Душанбе мизбони боз як мусобиқаи байналмилалӣ мегардад

Тоҷикистон боз як мусобиқаи байналмилалии футболро мизбонӣ мекунад. Аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.
Дар чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.
Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
 
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)
Иштироккунандагон: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон.
 
Даври 1
13 май (ҷумъа)
18:00 – Ӯзбекистон – Эрон
21:00 – Афғонистон – Қирғизистон
 
Даври 2
14 май (шанбе)
18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон
21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
 
Даври 3
16 май (душанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
 
Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
 
Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив