LIVE

 Маурисио Сарри аз мақомаш барканор шуд

Сармураббии дастаи «Латсио» - Маурисио Сарри аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ хабар додааст.
Мутахассиси 65-сола дастаро аз тобистони соли 2021 раҳбарӣ мекунад. Румиён дар шаш бозии охирини худ дар тамоми мусобиқаҳо панҷ мағлубият гирифтанд. Дар Серияи А даста пас аз 28 давр дар ҷои 9-ум аст.
Ҷованни Мартушйелло, ки ба ҳайси ёвар кор мекард, сармураббии нави “Латсио” шуд. Мураббии 52-сола қаблан дар ҳайати дастаи Сарри дар “Ювентус” буд ва қаблан бо Лучано Спалетти дар “Интер” кор мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив