LIVE

Ковач аз вазифаи сармураббии “Монако” барканор шуд

Нико Ковач аз мақоми сармураббии дастаи  «Монако» озод карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи фаронсавӣ хабар додааст.
Мураббии дастаи дуюм Стефан Надо муваккатан вазифаи сармураббиро ичро мекунад.  Номи мураббии нав баъдтар эълон карда мешавад.
 Ковачи 50-сола сар аз тобистони соли 2020 тими фаронсавиро сарварӣ мекард.  «Монако» таҳти роҳбарии мураббии  Хорватия 74 бозӣ анҷом дода, аз он 43 бозӣ бурд, 16 бозиро бохт ва 15 бозиро мусовӣ анҷом додааст.
 Вориси эҳтимолии мутахассиси хорватӣ  метавонад Филипп Клемент аз Белгия гардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив