LIVE

Станислав Черчесов ба истеъфо рафт

Станислав Черчесов аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Россия барканор шуд. Дар ин бора Иттиҳоди футболи Россия  хабар додааст. Федератсияи футболи  Россия    дар бораи қатъ кардани қарордод бо мутахассиси 57-сола қарори муштарак қабул кард. Алакай 6 июл маълум шуд, ки Иттиҳоди футболи Россия   қарордодро бо Черчесов  пас аз ёфтани номзади нав бекор мекунад. Дар байни номзадҳо исми мураббии олмонӣ Йоахим Лёв, сармураббии тими миллии Швейтсария Владимир Петкович ва Стефан Кунтз мураббии тими ҷавонони Олмон ҳаст.  Черчесов тими миллии Русияро аз соли 2016 раҳбарӣ мекард.  Таҳти роҳбарии ӯ, даста ба чемпионати ҷаҳон дар соли 2018 то даври ¼ ниҳоӣ баромад. Дар чемпионати имсолаи Аврупо, русҳо натавонистанд марҳилаи гурӯҳиро паси сар кунанд ва дар гурӯҳи Б зинаи охиринро гирифтанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив