LIVE

Сармураббии собиқи “Ювентус” ба шаҳри Рим даъват шуд

Эҳтимол меравад, ки дастаи “Рома” бо сармураббии худ Пауло Фонсека ҳамкрории худро катъ мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, директори варзишии “Рома” - Тиаго Пинто бо мураббии собиқи “Ювентус” Массимилиано Аллегри мулоқот карда, дар бораи таъиноти эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббии бошгоҳи шаҳри Рим сӯҳбат кардааст. Баъдтар Пинто гуфт, ки ӯ дар меҳмонхона бо намояндаи  мураббии собиқи “Челси” ва “Ювентус” - Маурисио Сарри низ мулоқот анҷом додааст. Қайд карда мешавад, ки Сарри яке аз номзадҳо ба вазифаи сармураббии “Рома” маҳсуб меёбад. Хотиррасон мекунем, ки Сарри пас аз бохти  “Ювентус” аз “Лион” дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо аз мақомаш барканор карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив