LIVE

Як қатор бозингарони «Юве» зидди Сарри ҳастанд

Бошгоҳи туринии «Ювентус» метавонад Маурисио Сарриро ба истеъфо равон кунад, хабар медиҳад La Repubblica.

Ба иттилои манбаъ, пас аз мағлубият дар даври 23-юм аз тими «Верона» (2-1) як гурӯҳ футболбозон бозгашти собиқ сармураббии ин даста - Массимилиано Аллегриро хостанд.

Хабар дода мешавад, ки президенти бошгоҳ - Андреа Анйелли ҳам бинобар натиҷахои охири ин даста ба фаъолияти Сарри чандон эътимод надорад.

Хотиррасон мекунем, ки таҳти роҳбарии Аллегри (с.2014-2019) «Ювентус» панҷ маротиба чемпиони Италия шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив