LIVE

Эмре Ҷан аз чанголи Сарри гурехт

Ниммуҳофизатгари турктабори олмонӣ - Эмре Ҷан аз дастаи «Ювентус»-и Италия ба ҳайси бозигари иҷоравӣ ба тими «Боруссия» Дортмунди Олмон гузариш намуд. Тавре иттилоъ дода мешавад  Эмре Ҷан, ки қаблан дар дастаи Ливерпул бозӣ мекард, то охири мавсим шарафи дортмундиҳоро ҳимоя хоҳад кард. Бо омодани Мауритсио Сарри ба дастаи «Ювентус» Ҷан мавқеашро дар ҳайати асосӣ гум кард. Ҳатто ситоди мураббиёни дастаи туринӣ ӯро ба феҳристи бозигароне, ки дар Лигаи Чемпионҳо ширкат мекунанд, шомил накарданд. Дар мавсими ҷорӣ ниммуҳофизатгар дар маҷмуъ 8 маротиба ба майдон баромадаасту тамом.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив