LIVE

Эмре Ҷан дар “Ювентус” хушбахт нест

 Нимҳимоятгари “Ювентус” ва мунтахаби Олмон Эмре Ҷан аз шумораи вақти бозикунияш дар тими туринӣ дар мавсими ҷорӣ изҳори норозигӣ намудааст.
 “Айни ҳол ман дар “Ювентус” хушбахт нестам. Ман на он қадар зиёд бозӣ мекунам. Дар мавсими  қаблӣ ман бештар ба майдон мебаромадам, асосан дар бозиҳои муҳим ман нағз бозӣ мекардам. Дар ҳамин мавсим бошад ман то ҳол имконияти худро соҳиб нашудаам,  аммо фикр дорам,ки пас аз баргашт ба бошгоҳ  ман аз чунин имкониятҳо бархурдор хоҳам шуд.
 Ман аз Йоахим Лёв хеле миннатдорам,чаро ки маро ба ҳайати мунтахаби Олмон даъват намуд, новобаста ба он,ки  дар мавсими ҷорӣ он қадар зиёд бозӣ  намекунам. Аз ин рӯ ман бениҳоят хурсандам,ки аз нав вориди майдон мешавам”,-овардааст аз суханони Эмре Ҷан Football Italia.
 Лозим ба ёдловарист,ки Ҷан ба “Ювентус” тобистони соли 2018  ҳамчун футболбози озод гузариш намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ ин нимҳимоятгари 25-сола 3 бозӣ дар Серияи А гузаронидааст ва ба ягон амали натиҷабахш ноил нашудааст. Ҳамчунин Эмре Ҷан ба ҳайати даставии дастаи худӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо шомил карда нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив