LIVE

Маурисио Сарри дигарбора сари қудрат меояд

Сармураббии собиқи "Ювентус", "Наполи" ва "Челси" Маурисио Сарри аз имкони пешбурди фаъолит дар чемпионатҳои Туркия ва Фаронса даст кашид. Дар ин бора расонаҳои италиёвӣ хабар медиҳанд. Тибқи иттилои манбаъ, Сарри бо эҳтимолияти баланд сармураббии нави “Рома” мешавад. Интизор меравад, ки римиҳо дар охири мавсими солҳои 2020/21 аз хизматрасонии Паулу Фонсеки хориҷ шавад. Хотиррасон мекунем, ки Сарри аз моҳи августи соли 2020 бекор аст. Ҷои охирини кори Маурисио «Ювентус» -и Турин буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив