LIVE

Маурисио Сарри ба дастаи собиқи худ бармегардад

Мутахассиси итолиёвӣ Маурисио Сарри  имкони боз   ба “Наполи” омаданро дорад. Football Italia хабар медиҳад, ки Сарри баъди анҷоми мавсим сармураббии “Наполи” мешавад. Президенти бошгоҳ Аурелио Де Лаурентис новобаста аз муноқишаҳои гузашта омода аст, ки   бо Сарри ҳамкориро идома диҳад. 
Ёдовар мешавем, ки Маурисио Сарри  дар мавсими гузаштаи Лигаи чемпионҳо баъд аз бохт аз "Лион" аз мақомаш сабукдӯш шуда буд. Шартномаи Сарри бо “Ювентус” то  июни 2022  амал мекунад ва тибқи он  коршиноси итолиёвӣ   € 6 млн дар як сол маош мегирад. Туриниҳо ҳуқуқи қатъ кардани қарордодро  пас аз анҷоми  мавсими ҷорӣ бо арзиши € 2,5 млн доранд. Вале худи Маурисио қаблан ба ин овозаҳо ҷавоби рад дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив