LIVE

Камбэки тиллоии наврасони тоҷик дар замини Урдун


Дастаи наврасони 16 солаи Тоҷикистон дар бозии сеюми гуруҳи "А" Урдунро ҳам сарафканда кард. Оғози вохӯрӣ барои бачаҳои тоҷик душвор гузашта бошад ҳам, аммо бозии дастаҷамъона ва умедворкунандаи шогирдони Аҳлиддин Тӯрдиев то дақиқаи 90-уми дидор натиҷа дод. Футболбозони мизбон дар дақиқаҳои аввал тавассуити зарбаҳои Абдул Қодир ва Адҳам Ғанем гол заданд. Ба ду тӯби урдуниҳо Раҳматшоҳ Раҳматзода дар ниммаи аввал бо зарбаи ҷонкоҳи худ ҷавоб гардонид. Бозингарони тоҷик метавонистанд дар ниммаи аввал тӯби дуюмро ҳам ба ҳадаф расонанд, вале ҳунарнамоии дарвозабони Урдун имконият намедод. Бо дастури сармураббӣ дар ниммаи дуюм Абдулфаттоҳ Худойдодзода зуд натиҷаро баробар кард. Бад-ин тартиб голҳои пайиҳами дастаи мо тавассути Хусрав Тоҳиров, Сунатулло Азизов ва Муҳаммадворис Саидалиев зада шуд. Имкони дидани голҳои зиёд ба дарвозаи Урдун буд, лек дарвозабон боз ҳам қаҳрамонӣ нишон дод. Дастаи мо бо ишғоли зинаи аввал ва бо 12 имтиёзу 29 гол, ки рекорди ин бозиҳои интихобист ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив