LIVE

«Челси» Дарвин Нунйесро аз «Ливерпул» мехарад

«Челси» тобистон  варианти  трансфери Дарвин Нунйесро мавриди баррасӣ қарор дода буд.
Мавсими-2022/23 барои Нунйес дар «Ливерпул» номуваффақ паси сар шуд ва овозаҳо атрофи хоҳиши бошгоҳ дар мавриди фурӯши ин бозигар ва ивазкунии ӯ ба   Жоау Феликс баромада буданд.
Тибқи гуфтаҳои The Times Пол Уинстенли- директор оиди ҷустуҷӯи нафарони боистеъдод ва трансферҳо дар  Челси    ҳатто замони кораш дар «Брайтон» нисбати ин уругвайӣ таваҷҷӯҳ дошта буд. Ӯ ба тими мерсисайдӣ дархост оиди имконияти трансфер ирсол намуда буд, вале «Ливерпул» посух дод, ки ҳамлавар фурӯхта намешавад.
Дарвин Нунйеси 24-сола ба сафи  «Ливерпул» аз «Бенфика» моҳи июли соли 2022 бар ивази 80 миллион  евро пайваст. Мавсими  ҷорӣ ӯ дорои омори 24 (13+11) хол аз рӯи системаи «гол+пас» дар 37 бозӣ мебошад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив