LIVE

"Ливерпул" барои футболбози "Бенфика" € 100 млн пешниҳод кард

Роҳбарияти «Ливерпул» омодааст, ки барои ҳамлагари  «Бенфика» Дарвин Нунйес 100 миллион евро пардохт кунад. 

Ба иттилои манбаъ, мерсисайдҳо аллакай ба бошгоҳи Португалия дархости расмӣ кардаанд. Агар трансфер анҷом ёбад, пас Нунйес гаронарзиштарин футболбоз дар таърихи даста мешавад. Вирҷил ван Дейк айни замон гаронарзиштарин харид дар таърихи "Ливерпул" мебошад (88 млн евро).

Нунйес дар мавсими гузашта дар 41 бозӣ дар ҳайати дастаи “Бенфика” 34 гол ва 4 партофти головар кардааст. "Реал Мадрид" ва "Тоттенхэм" ҳам ба уругвайӣ мароқ доранд. Инчунин хабар дода шуд, ки Нунйес аз гузаштан ба «Манчестер Юнайтед» худдорӣ кард, зеро ӯ нақша дорад,
 дар мавсими оянда дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив