LIVE

Трансфери Коутиню ба ҷуз аз дард ба «Барса» дигар чизе дода натавонист

“Барселона” барои ин футболбози бразилӣ 135 млн евро пардохт кард то дар Лигаи Чемпионҳо таҳқираш кунад. 
Коутиню гаронарзиштарин бозигар дар таърихи  «Барселона» маҳсуб мешавад.  Ҳарчанд ӯро низ ба монанди  Гризманн бо арзиши 120 миллион евро харидорӣ карданд, аммо «Ливерпул» зимни гузариш имтиёзҳои зиёд гузошта буд, ки дар сурати иҷрои ҳамаи онҳо каталониҳо боз 40 миллиони дигар аз “Ливерпул” қарздор мешаванд. 
• 5 млн барои анҷом додани  25 бозӣ бо пироҳани нилунориҳо;
• 20 млн барои 100 бозӣ;
• 10 млн барои он, ки Коутиню ба финали Лигаи чемпионҳо барояд:
• 5  миллиони дигар барои ғалаба дар Лигаи чемпионҳо:
Агар бо ҳайати "Бавария" низ ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад, "Барса" вазифадор аст, ки ба "Ливерпул" 5 миллион евро маблағ пардохт кунад. 
Барои 25 бозии анҷомдодааш ва ду бозии дигар дар Лигаи Чемпионҳо “Барса” аллакай 15 миллион подашпӯлӣ дод. Феълан бошгоҳи каталонӣ барои ин бозигараш дар маҷмуъ 135 миллион пардохт кард. Дар баробари ин боз  маоши Коутиню 13,5 млн евроро дар як сол ташкил медиҳад.  Бар ивази 135 миллион ва боз  13,5 млни дигар бозигари мазкур  21 гол ва 11 партофти головар кардаасту  тамом.  Дар вақташ ӯро аз «Ливерпул» ба он хотир харидорӣ карданд, ки  Инйестаро иваз мекунад.  
«Ливерпул» аз ҳисоби пулҳои  Коутиню қарзи худро барои  трансфери Вирҷил Ван Дейк (84,6 млн евро) ва Алиссон (62,5) пурра пардохт намуд.  Болои ин боз «Барселона»-ро дар «Энфилд» сарафканда сохт.  Чанд рӯз қабл  собиқ мураббии «Ливерпул» - Грэм Сунесс баён дошт, ки ин беҳтарин муомилот дар таърихи «Ливерпул» маҳсуб мешавад. То ба ҳол даста дар бозори фурӯши бозигаронаш чунин муваффақ нашуда буд. 
Маоши  13,5  млн евро чун устухони дар гулӯ рус кардаро мемонд.  Даста кӯшиши фурӯши ӯро кард, нашуд, баъдан хост бо Неймар иваз кунаду боз маблағ диҳад, ин кор низ ҳал нашуд.  
Моҳи августи соли 2019 ягона вариант ин ба иҷора доданаш пайдо шуд, ки онро бо  «Бавария» амалӣ кард.  Мюнхениҳо танҳо 8,5 миллион маоши ӯро ба гардан гирифтанд, ҳарчанд сомонаи расмии  «Барселона» иттилоъ медиҳад, ки “Бавария”  музди маоши Коутинюро пурра пардохт мекунад. 
Болои сухта намакоб Коутиню «Барселона»-ро ҷазои сахт дод. Дар дақиқаи 75-уми вохӯрӣ ба майдон баромаду бо як партофти самаровар ва ду голи задааш “Барселона”-ро таҳқир кард, зеро ҳисоб  8 бар 2 гардид, ки каталониҳо то ба ин замон чунин сахт шапотӣ нахурда буданд.
«Бавария» ҳуқуқ дорад, ки Коутинюро бо арзиши 120 миллион евро бихарад, аммо дар замони буҳронӣ ӯ ин корро намекунад. Тақдири ситораи бразилӣ чӣ мешавад, маълум нест. Ба ӯ дастаҳои  «Челси», «Арсенал» ва «Тоттенхэм» таваҷҷуҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив