LIVE

Чаро Вернер "Ливерпул"-ро монда ба "Челси" рафт?

Намояндаи "Ливерпул" иқрор шуд, ки дар ҷалби ҳамлагари олмонӣ - Юрген Клопп гунаҳкор аст, зеро маҳз ӯ нахост то Тимо Вернер ба "Ливерпул" биояд. Агар Клопп дархост мекард, мо бо ҳар роҳу восита бо вай шартнома мебастем. Тимо Вернер мехост бо "Ливерпул" қарордод бандад, аммо клуб бо сабаби гарон будани нархаш аз ҷалби ӯ даст кашид. Вале сурхпӯшон мегӯянд, ки Клопп барои ҷалби ӯ дархост пешниҳод накард. "Челси" бо арзиши наздик ба 60 миллион евро бо дастаи «РБ Лейптсиг» барои ин ҳамлавар ба мувофиқа расид. Тимо Вернер низ шартномаи худро бо тими лондонӣ ба мувофиққа расонд ва мавсими оянда дар Премйер лигаи Англия бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив