LIVE

Нунйес ситораи ҷадиди Чемпионати Англия мешавад

Дарвин Нунйес футболбози нави дастаи “Ливерпул” дар дуюмин бозиаш бо пироҳани мерсисайдиҳо покер кард. Яку якбора чор гол задани уругвайии нави “Ливерпул” ба дарвозаи дастаи “Лейптсиг” дар бозии дустона сару садоҳои зиёдеро миёни ҷомеаи футболии ҷаҳон ба бор овард. Якбори дигар ба истеъдоди Юрген Клопп дар мавриди интихоби футболбоз таслим бояд шуд. Хулас дар бозии дӯстона, ки миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Лейпсик” баргузор шуд дастаи англис бо ҳисоби 5 бар сифр ғалаба кард ва чор голи ин дидорро Дарвин Нунйес ба ҳадаф расонид, ки чанде пеш ӯро аз дастаи “Бенфика”-и Португалия бо арзиши 80 млн евро харидорӣ карданд. Имсол номзадҳо дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарин дар чемпионати Англия хеле зиёданд. Ҳоланд, Дарвин Нунйес, Муҳаммад Салоҳ, Сон хин Мин ва Роналду агар ба шарте ӯ дар МЮ боқӣ монад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив