LIVE

Хатлон боз ҳам пирӯз шуд

Дастаи "Хатлон" дар бозии даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ "Панҷшер"-ро шикаст дод. Ин дидор бо ҳисоби калони 4:0 ба анҷом расид. Бо ин пирӯзӣ дастаи "Хатлон" ба мақоми 3-уми ҷадвали Лигаи олӣ баромад. Дар се бозии охир шогирдони Меҳроб Заурбеков 7 имтиёз ба даст оварданд. Дар даври навбатӣ "Хатлон" бо "Истаравшан" дар сафар бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив