LIVE

Кортҳои кабудро дар футбол ба кадом бозигарон нишон медиҳанд?

Шӯрои байналмилалии ассосиатсияҳои футболӣ (IFAB) рӯзи ҷумъа қарор оиди воридкунии корти кабуд ба футболи касбиро пешниҳод мекунад.
Футболбозоне, ки бо чунин корт ҷазо дода мешаванд, аз бозӣ ба мӯҳлати 10 дақиқа барои қоидавайронкунии тактикӣ ва изҳори норозигӣ ба намояндаи расмии бозӣ хориҷ карда мешаванд.
Тағйирот ҳамчунин ба бозибадаркуниҳо рабт доранд: бозигаре майдонро тарк мекунад, ки ду корти гирифтааст ё болои худ корти кабуд ва корти зардро дидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки навгониро дар футбол тобистони оянда ворид менамоянд, вале ба чемпионатҳои сатҳи олӣ ин навгониҳо то ҳол рабт надорад. Бори нахуст дар сатҳи футболи касбӣ кортҳои кабуд дар бозиҳои мавсими баъдии Ҷоми Англия миёни бонувон ва мардон ба кор бурда мешаванд.
Қобили қайд аст, ки чунин чораҷӯиро аллакай дар футболи ҳаваскоронаи Уэлс истифода мебаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив