LIVE

Барои чӣ Ҳоланд ба корти довари канорӣ соядаст гузошт?

Сабаби соядаст гирифтани довари канории бозии чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни «Манчестер Сити» -и Англия ва «Боруссия»-и Дортмунд (2: 1) Октавиан Шовре аз форварди 20-солаи норвегии «Боруссия» Эрлинг Ҳолланд муайян шуд. Журналисти соҳаи варзиш Эмануэл Рочу дар Твиттер навишт, ки Ҳолланд ба кортҳои зард имзо гузоштааст, ки баъдтар  онҳо ба музояда гузошта мешаванд. Тамоми маблағҳои ҷамъшуда барои кӯмак ба одамони гирифтори аутизм равона карда мешаванд. Маҳз аз ҳамин сабаб Шовре мехост соядасти ҳамлагари норвегиро ба даст орад. Довар инчунин гуфт, ки ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси барои ин ҳадафи хайриявӣ  ба  нуҳ корти Шовре  имзо кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив