LIVE

Ғалабаи “Марсел” бар ивази 14 корти зард ва 5 корти сурх

Даври 3-юми Лигаи 1-уми Фаронса дар мавсими солҳои 2020-21 барои мухлисону алоқамандони худ классикои футболи ин кишварро тақдим кард. Дидори дастаҳои футболи  “ПСЖ” ва “Марсел”  классикои футболи Фаронса ном бурда мешавад.  Дар ибтидои мавсим “ПСЖ” мушкилиҳои зиёди кадрӣ дорад, аз ҷумла футболбозонаш Кейлор Навас, Маркинйос, Мбаппе ва Икарди дар карантин қарор доранд ва дар ду бозии охир ба дастаашон кӯмак карда наметавонанд. Бозӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 0-1 хотима ёфт. Ягона голи дастаи меҳмонро Флориан Товен дар дақиқаи 31-ум ба ҳадаф расонд.  Натиҷа ҳамин шуд, ки довар Жером Бризар ба футболбозон дар маҷмуъ 14 корти зард ва 5 корти сурх нишон дод. Дар миёни бозигарони аз майдон хориҷшуда ситораи асосии мизбонон Неймар низ буд. “ПСЖ” дар ду бозии Лигаи 1-уми Фаронса пайёпай ба шикаст дучор меояд. Ин аввалин ғалабаи “Марсел”  дар 9 мавсими охир бар дастаи шаҳри Париж ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив