LIVE

Қоидаҳои офсайд боз ҳам дигар мешаванд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) қоидаҳои офсайдро тағйир медиҳад. Дар ин бора нашрияи Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Тибқи натиҷаи вохӯриҳо миёни намояндагони ФИФА ва IFAB дар мавриди ивазкунии қоидаҳои муайянкунии ҳолати «но бозӣ» қарор қабул карда шуд. Акнун бозигари ҳуҷумкунанда танҳо дар сурате дар ҳолати офсайд қарор мегирад, ки агар бадани ӯ вақти иҷроиши партофт дар қиёс ба дифоъгар ба дарвозаи ҳариф наздиктар бошад. Қайд карда мешавад, ки чунин тағйирот рафти бозиро ҷолибтар менамояд. Қоидаи нав дар лигаҳои поёнтари кишварҳои Италия, Шветсия ва Нидерланд мавриди санҷиш қарор дода шуда, баъдан дар футболи касбӣ истифода мешавад. Яке аз ташаббускорони ин ислоҳот директори ФИФА оиди рушд Арсен Венгер мебошад.
Тибқи қоидаҳои муосир бозигари дастаи ҳуҷумкунанда дар ҳолати офсайд қарор дорад, агар вақти иҷроиши партофт дилхоҳ қисмати бадан ба ғайр аз дасташ дар қиёс ба дифоъгар ба дарвозаи ҳариф наздиктар бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив