Президенти УЕФА Александер Чеферин ба гоҳи суҳбаташ мавриди тағийроти қоидаҳои ба инобат гирифтани ҳолати нобозӣ (офсайд) андешаашро ба таври зайл баён бинмуд.
«Дар замони мо агар ту бинии дароз дорӣ – ту дар офсайдӣ. Илова бар ин, хатҳое, ки дар вақти такрори видеоӣ кашида мешаванд… ин тасвири субъектив оид ба ҳолати объективӣ мебошад»
Пешниҳод дорем, ки дар ҳудуди 10-20 см. ҳолати нобозӣ ба инобат гирифта нашавад. Ин масъаларо мо бо Кумитаи доварон мавриди муҳокима қарор хоҳем дод»