LIVE

"Футболбоз" пас аз тамрини аввалинаш ба дасти пулис афтод

Дастаи даниягӣ «Виборг» ба як ҳолати нохуш афтод – бошгоҳ бо бозингарӣ сохтаном шартномаро ба имзо расонид. Ҳоло бошад, ин «футболбоз» дар пулис қарор дорад.

Футболбози қаллоб аз номи ширкати агентии "Stellar Group" ба чанде аз дастаҳо мактубҳои қалбакӣ равон карда, дар мактубҳои хеш иброз медошт, ки пас аз ним сол яке аз дастаҳои Чин ба ӯ пешниҳоди ҳангуфт мекунад.

«Баръало маълум аст, ки ин қалобии ҷиддӣ аст. Шояд гурӯҳи муташаккил бошад ва дар якчанд кишварҳо ҳам амал кунад», - гуфта мешавад дар баёнияи расмии даста.
«Мо далелҳоро ҷамъоварӣ дорем. Ин фурсати муайянеро талаб мекунад, аммо бар замми ин, ман тасдиқ мекунам, ки ӯ айбдор карда мешавад», - иқтибос овардааст маҷаллаи Bold аз суханони муфаттиши маҳаллӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив