LIVE

Ван Гал: «Барселона" маҳорати де Йонгро истифода намекунад»

Собиқ мураббии “Барселона” Луи ван Гал иддао дорад,ки “нилунориҳо” бозингари навхариди хеш Френки де Йонгро нодуруст истифода мебаранд.
 “Ман де Йонгро нағз мешиносам, маҳорати ӯро медонам ва фикр мекунам,ки дар “Барса” аз маҳорати ӯ ба таври пурра  истифода намекунанд”,-иқтибос овардааст Marca аз суханони ван Гал.
 Пештар де Йонг дорандаи ҷоизаи ба номи Йохан Кройфф шуда буд,ҷоизае,ки  беҳтарин бозингарони ҷавон пас аз итмомёбии чемпионати Нидерландҳо ҳамасола қадрдонӣ мешаванд. Френки баҳри ба даст овардани ин ҷоиза ҳанӯз дар моҳи май ғолиб омада буд ва санаи 1-уми июл бошад расман бозингари “Барселона” гардид.
Унвони “Футболбози сол”-ро бошад собиқ ҳимоятгари “Аякс”Маттейс де Лигт, ки айни замон дар сафи “Ювентус” майдондорӣ мекунад, ба даст овард. Аз рӯи натиҷагирии мавсими солҳои 2017/18 ин ҷоизаро бозингари дигари “Аякс” Ҳаким Зийеш соҳиб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив