LIVE

Петр Чех хоккейбоз шуд

Собиқ дарвозабони мунтахаби Чехия ва бошгоҳи “Челси” - Петр Чех бо дастаи хоккейи «Гилдфорд Феникс», ки дар дивизонаи дуюми Англия ҳунарнамоӣ мекунад, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора сомонаи расмии ин дастаи англисӣ хабар медиҳад. Чех нахустин бозиашро дар тими «Гилдфорд Феникс» рӯзи якешанбе 13-уми октябр доир мекунад. 
«Ман хеле шод ҳастам, ки дар дастаи «Гилдфорд Феникс» бозӣ мекунам. Умед дорем, ки дар ин дастаи навтаъсис хуб ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтаи ҷоизаҳои бисёр ноил мешавам. Баъди 20 соли ҳунарнамоӣ дар рифштаи футбол, ин як таҷрибаи бузург барои ман шуд, то ки дар риштаи хоккей маҳоратамро идома диҳам ва ман аз ин хеле шод ҳастам», - иқтибос меорад сомонаи расмии «Гилдфорд Феникс» аз суханҳои Чех. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив