LIVE

“Челси” аз тамдидкунии шартнома бо “Хадсон-Одои хабар дод

“Челси”-и лондонӣ дар сомонаи расмии хеш эълон намуд,ки бо ҳамлавар Каллум Хадсон-Одои қарордоди нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Қарордоди нави ин футболбоз  бо бошгоҳаш то тобистони соли 2024 мӯҳлат пайдо намуда, тибқи он Хадсон-Одои маоши солонаи 5,8 миллион евро  ба даст меорад. Дар мавсими ҷорӣ бошад Каллум аз сабаби муолиҷаи ҷароҳаташ ягон бор ҳам ба майдон набаромадааст.
“Ин эҳсосоти ҷолиб аст. Муддатҳои тулонии интизорӣ буд,аммо айни ҳол ҳамааш анҷом шуд ва ман хеле хушнудам. Ман аз ҳашсолагӣ бозингари “Челси” ҳастам ва ин бошгоҳи дуруст бароям мебошад. Мехоҳам,ки ҷоизаҳои бештареро ҷамъ намояму бо пирӯзшавӣ дар шумораи бештари бозиҳо голҳои зиёдтареро ба самар расонам. Хурсандам,ки ҳамаи кор ҳал шуд ва акнун бесаброна интизори баргаштан мебошам”,-гуфта буд ин футболбози 18-сола пас аз тамдидшавии шартномаи корӣ.
Қобили қайд аст,ки Каллум Хадсон-Одоии 18-сола тарбиятёфтаи “Челси” буда, дар сафи тими якуми “кабудҳо” 28 бозӣ гузаронидаву бо панҷ голу панҷ паси головар аз майдон берун шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив