LIVE

Президенти УЕФА: Дар низоми VAR довари майдон бояд қарори асосиро барорад

Президенти УЕФА Александер Чеферин оиди низоми VAR ҳарф зада, гуфт, ки дар рафти бозиҳо бояд довари майдон қарори охиринро барорад.

— Комитети доварони УЕФА пешниҳод мекунанд, ки ҳангоми ҳолатҳои баҳсбарангез бояд довари марказ ҳолатро дубора дида, қарори охиринро барорад. Маҳз онҳо бояд барои қарори охирин вазифадор бошанд, на он нафароне, ки 500 километр аз макони баргузории бозӣ дур ҳастанд. Ҳар як лига доир ба истифодаи VAR нимзоми махсуси худро дорад. Дар ПЛА доварон умуман лаҳзаҳои баҳсангезро дубора намебинанд, дар Италиия бошад, низом фарқкунанда аст. Айни ҳол дар корбарии VAR бенизомӣ дида мешавад ва мо мехоҳем, ки онро ба тартиб дарорем,
— гуфт Чеферин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив