LIVE

Мушкили Клопп бо Ҷоми лига, норозигиҳо аз тақвими футболи англисӣ ва бозиҳои Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон...

Бояд,ки бозиро ба вақти дигар гузаронд,аммо даста тақвими  вазнинтаре дорад.
 


“Ливерпул” дар бозии ғайриоддие дар Ҷоми лигаи Англия “Арсенал”-ро дучори бохт намуд ва минбаъд дар чорякниҳоӣ бо “Астон Вилла” бозӣ хоҳад кард. Аммо ин анҷоми кор нест: дар ин вақт “Ливерпул” дар Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон дар Қатар хоҳад буд.
“Ман дар ҳаяҷон нестам,чаро ки ин мушкилоти ман нест,балки мушкили нафаронест,ки ҷадвалро тартиб медиҳанд,-бонафрат ҷавоб гуфтааст Клопп.
-ФИФА мегуяд,ки Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон доир мешавад-мо онҷо меравем. Премер-лига ҳам мегӯяд,ки мо бояд бозӣ кунем. Ва имрӯз мо ғолиб омадем ва ба даври дигарӣ гузаштем. Агар имконияти ба вақти дигар гузаронидани бозии Ҷом пайдо нашавад-фақат лозим нест,ки онро пештар аз чанд соати оғозшавии ҷашни мавлуди Ҳазрати Исо монед,-мо одатан бозӣ намекунем. Аммо онҳо уҳдадоранд,ки онро ба вақти дигар гузаронанд. Бояд,ки дар дар бораи чунин мавридҳо фикр намуд,мо набояд чунин ҷадвалро дошта бошем.
 Мушкилот ба ҳама аён аст. Мо туъмаи чунин ҷадвал нахоҳем шуд. Мо мехостем ғалаба кунем-мо ғалаба кардем. Агар бозии Ҷоми  лигаро ба вақти дигар нагузаронанд,мо одатан онро сарфи назар мекунем. Бигзор ҳарифи мо ба даври дигар гузарад ё ки бо “Арсенал” бозӣ кунад”. 

 Акнун тартибдиҳандагони ҷадвал дар фикри ба вақти дигар гузаронидани бозиянд,чаро ки “Ливерпул” чунин ҷадвали ғайриоддиро дорад. Бубинед   дастаи Клоппро аз охири ноябр то миёнаи январ чӣ ҳаёте дар пеш аст:




• дар моҳи декабр ягон ҳафтаи дигаре нест,ки “Ливерпул” камтар аз ду бозӣ дошта бошад. Як бозиро аллакай ба вақти дигар гузаронидаанд-бо “Вест Хэм» бояд,ки онҳо санаи 21-ум бозӣ мекарданд.
•   «Ливерпул» дар моҳи декабр назар ба дигар дастаҳои ПЛА як бозӣ бештар дорад. Аз оғози ноябр то бозӣ бо «Тоттенхэм» дар моҳи январ Клопп зиёда аз  20 ҳазор километр масофа тай хоҳад кард.
•  Дар Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон аллакай   «МЮ» дар соли  2008  ва «Челси» дар соли 2012 иштирок кардаанд, аммо онҳо дучори чунин мушкилоти тақвимие набуданд. Ин мавсим дар Англия  куллан фарқкунанда аст. Нахуст дар моҳи феврал таннафус ба миён омад,ки ҷадвали зимистонӣ назар ба соли 2012 зичтар шуд.  Дуввумӣ ПЛА қисме аз бозиҳои байни ҳафтавиро ба муҳлатҳои дуртаре  гузаронид,то ки иштирокчиёни евроҷомҳо барои баромади нағз имкониятҳои  бешгаре  дошта бошанд. Ин вазъият каме рӯзҳои баргузории бозиҳои Ҷоми Лигаро наздик кард-акнун онҳо наздиктар ба ҷашни мавлуди Ҳазрати Исо ҳастанд.  
• Қайд карда мешавад,ки байни бозиҳо бояд,ки ба таври минималӣ 48 соат бошад,барои он ки организми футболбоз пас аз сарбориҳо барқарор карда шавад. Чунин қоидаро ба назар гирифта, тартибдиҳандагони ҷадвал якчанд вариантҳои ба вақти дигар гузаронидани бозиро дар ихтиёр доранд:
1. Бегоҳии санаи 23 декабр,яъне баргузории бозӣ пас аз бозгашт аз Ҷоми бошгоҳии ҷаҳон;  
2. Санаи 4-5 январ  пас аз даври аввали ПЛА дар соли 2020. Одатан дар ин маврид дастаҳо пас аз моҳи декабри ба қавле “дӯзахона” вақти камтари истироҳат доранд. Агар бозиро дар ҳамин рӯзҳо бимонанд, “Ливерпул” “Астон Вилла”-ро мағлуб намуда, тими Клопп ба ҳар ҳол дар ҷадвали зичтаре ғутавар мешавад:  4 бозӣ дар 10 рӯз: бозии сафарӣ бо “Тоттенхэм” ва  бозии ниманиҳоии Ҷоми лига (миёни ҳарифони эҳтимолӣ: «Сити», «Юнайтед», «Лестер», «Эвертон»).
3. Гузаронидани бозӣ  бо «Вилла» санаи 8 январ, марҳилаи ниманиҳоиро бошад ба рӯзи  дигар гузаронд. Айни ҳол ҳамин вариантро эҳтимолӣ меҳисобанд.   Аммо мушкилот дар он аст,ки барои ба майдон баромадан  дар бозии нахуст ва ҷавобии ниманиҳоии  Ҷоми лига бояд,ки то санаи 1-уми март фурсат ёфт-айнан дар ҳамин рӯз финали Ҷоми лига баргузор мешавад.
Ва боз бозиҳои Ҷоми Англия ҳам ҳастанд,ки дар сурати мусовӣ бояд,ки бозиҳои такрорӣ бояд гузаронд. Агар «Ливерпул» ё «Вилла» бозиро мусовӣ кунанд,пас дар чунин ҳолат онҳоро бозии дигаре  дар моҳи январ интизор хоҳад буд. Ва дар чунин сурат тартибдиҳандагони ҷадвалро  мушкилотҳои хосе пеш меояд.
***
Бо вуҷуди он далел нест,ки Лигаи футболи англисӣ умуман ба “Ливерпул” гузашт мекунад. Daily Mail менависад,ки Клопп метавонад қисми бозингаронашро дар Англия монаду онҳо дар Ҷоми лига бозӣ кунанд (гарчанде худи мураббӣ зидди чунин кор аст) қисми дигараш ба Ҷоми бошгоҳии Ҷаҳон мераванд.
Кори ба чунин монандро ин мутахассиси олмонӣ аллакай дар “Арсенал” имтиҳон карда буд (11 бозингари ҳайати асосиро иваз намуд, дар курсии эҳтиётӣ танҳо бозингарони ҳайати ҷавонон буданд)-ва ба ҳар ҳол ғолиб омад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив