LIVE

Қоидаҳои нонавиштаи тен Хаг барои бозигарони «МЮ»

Дар арафаи мавсими нав Эрик тен Хаг барои бозигарони «Манчестер Юнайтед» як қатор қоидаҳои қатъӣ муқаррар кардааст, менависад.
Ба бозингарон гуфта шудааст, ки агар Эрик тен Хаг фахмад, ки агар бозигарон хабарро аз утоқи либоспушӣ маълумотро ба берун барад, онҳоро аз команда хорич мекунанд. Инчунин, хориҷшавӣ барои дер мондан ба машқ ё вохӯрии даста таҳдид мекунад, новобаста аз он ки кадоме аз бозигарон дер мондааст - дар чунин ҳолатҳо обрӯи онҳо ҳеҷ маъное надорад.
Инчунин қоидае мавҷуд аст, ки ба бозигарон дар давоми ҳафтаи бозӣ нӯшидани машруботи спиртӣ манъ аст, то онҳо дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дошта шаванд. 
Мқраббӣ боз як қоидаи навро ҷорӣ намудааст, ки тибқи он бояд ошпазҳо барои ҳамаи бозигарон хӯрок тайёр кунанд, дар ҳоле ки дар гузашта баъзе бозигарон ошпазони худро киро мекарданд. Сардори нави “Девҳои сурх” инчунин менюро низ худ назорат мекунад, зеро бозигарон бояд моҳӣ ва сабзавотро аз пештара бештар истеъмол кунанд.
Барои ҳар як бозигар нақшаи ғизои инфиродӣ тартиб дода шудааст ва Индекси массаи бадани ҳар як бозигар акнун ҳар моҳ тафтиш карда мешавад, то ҳама дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.
Сарфи назар аз мавқеъи сахтгираш дар бисёр масъалаҳо, Эрик тен Хаг инчунин ба бозигаронаш маслиҳат дод, ки агар ягон мушкилоте дошта бошанд, ба назди ӯ биёянд, на ба агентҳои худ муроҷиат намоянд.   
Мураббии нав мехохад бо бозигарон робитаи зич баркарор кунад, зеро боварӣ ва эхтироми якдигарро гарави муваффакияти хар як даста медонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив