LIVE

«Барселона» маоши бозигаронро кам карданист

Эдуард Ромеу, ноиби президенти «Барселона» оид ба масъалаҳои иқтисодӣ гуфт, ки бо бозингарон дар бораи коҳиши маош музокира хоҳад шуд.
«Барселона» 560 миллион евро маош дорад, ки аз “Бавария” ду баробар бештар аст. “Реал Мадрид”  400 миллион евро нақшаи маош дорад. Музокирот бо бозигарон дар ин бора инфиродӣ хоҳад буд. Гуфтушунид бо ветеранхои клуб низ сурат мегирад. Дар навбати аввал шартномаҳои гаронарзишро бояд баррасӣ намоем. Бозингарон баъзе созишномаҳое доранд, ки касе аз номи онҳо имзо кардааст. Онҳо ягон кори нодуруст накардаанд. Бо вуҷуди ин, мо ба баъзе ҳолатҳо имкон дода наметавонем ва бояд онҳоро бори дигар дида бароем. Бозингарон касеро фиреб надоданд ва «Барселона» ба шартномаҳои онҳо амал кард. 
Ёдовар мешавем, ки «Барселона» мавсими гузаштаро дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои дуюм ба анҷом расонида, дар мубориза барои қаҳрамонӣ аз «Реал Мадрид» ақиб монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив