LIVE

Хави: "Барселона метавонад қаҳрамони Испания шавад"

Сармураббии дастаи «Барселона» Хави шонси дастаро барои ба даст овардани қаҳрамонии Испания арзёбӣ кард.

"Агар шумо ба вазъ воқеӣ нигоҳ кунед, мо имкони ҷоизаҳоро дорем. Ҳатто метавонем, ки дар Ла Лига ғолиб шавем. Ҳама чиз рӯй доданаш мумкин аст. Мо бояд барои ҷоизаҳо мубориза барем.

Барои баъзе бозигарон фаҳмидани принсипҳои бозии мавқеӣ душвор аст, дидани ин дар ""Барселона" аҷиб аст. Мо дар ҷои 8-ум қарор дорем,  вазъиятро фавран тағйир додан лозим аст. Ба мо далерӣ лозим аст. Бозингарон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, онҳо  корро хуб дарк мекунанд... Ин роҳи дуруст аст. Мо бояд барои Ҷоми Испания, Суперҷоми Испания мубориза барем ва худро рушд диҳем”, - зикр намуд Хави.
Пас аз 17 даври Чемпионати Испания «Барселона» 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои ҳаштум қарор дорад. Қаблан ин даста ба плей-оффи Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив