LIVE

Хави Усмон Дембелеро ҷарима кард

Нимҳимоятгари фаронсавии «Барселона» Усмон Дембеле аз ҷониби роҳбарияти клуб ҷарима мешавад. Дар ин бора рӯзноманигор Жорди Бланко дар твиттери худ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, фаронсавӣ аввалин бозигари бошгоҳи каталонӣ хоҳад шуд, ки аз ҷониби сармураббии тозатаъсис  Хави муҷозот мешавад. Дембеле ба пойгоҳи "Барса" соати 8:33 расид. Ин дар ҳолест, ки  вақти охирини ҳозир шудани бозигарон  8:30 мебошад. Тибқи қоидаҳои наве, ки сармураббӣ муқаррар кардааст, бозигарон бояд 90 дақиқа пеш аз оғози тамрини асосӣ ба пойгоҳ ҳозир шаванд. Аммо Дембеле аз ҷарима камбағал нахоҳад шуд, ӯ бояд ҳамагӣ 100 евро пардохт кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив