LIVE

Дембелеро бо Неймар иваз мекунанд

Рӯзҳои охир рафтори номақбули Усмон Дембеле роҳбарияти “нилунориҳо”-ро ба ташвиш овардааст. Пеш аз бозии даври якуми Ла Лига бар муқобили “Атлетик Б” (1:0) Усмон бояд аввал аз муоинаи тиббӣ гузашта, пасон ба тамринҳо фаро гирифта мешуд, вале бозигар бо сабабҳои номаъул аз муоинаи тиббӣ ногузашта дар бозии мазкур ба майдон баромад. Баъди анҷоми рақобати зикршуда, маълум гардид, ки Дембеле ҷароҳат доштаасту ҷароҳати худро пинҳон намудааст. Баъд аз ин амал роҳбарияти “Барселона” Усмонро ба маблағи 455 ҳазор евро ҷарима намуданд. Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки Дембеле ба чунин амалҳои номақбул даст мезанад. Тибқи иттилои сомонаи расмии La Senyera “нилунориҳо” ба хулосае омадаанд, ки Усмон Дембелеро бо Неймар иваз кунанд. Баъди ин овозаҳо худи Дембеле низ аз саҳифаи инстаграмаш маълумотҳои дар бораи “Барселона” будаашро тоза намудааст. Маротибаи охир ӯ ин корро пеш аз “Боруссия” омадан ба “Барселона” карда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив