LIVE

Месси дигар худро узви “Барселона” намешуморад

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси аз ширкат дар тамринҳо бо тими каталонӣ қатъиян даст кашид, менависад Marca.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамлагари соҳибноми аргентинӣ имрӯз мебоист дар аввалин тамрини даста, баъд аз истироҳат ширкат меварзид, аммо гуфтааст, ки дигар худро бозигари нилунориҳо намешуморад. Футболбоз инчунин гуфт, ки то оғози Чемпионати Испания ӯро дар қароргоҳи асосии клуб интизор нашаванд. “Барселона” дар навбати худ умедвор аст, ки ин бозигар фикри худро дигар мекунад ва ба ҳамдастагонаш мепайвандад. Тибқи шартнома, агар Месси аз 11 то 30 рӯз ба тамринҳо ҳозир нашавад, ӯ ҷаримабандӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дирӯз Лионел Месси барои супоридани озмоиши тиббӣ оид ба коронавирус дар қароргоҳи клуб ҳозир нашуд. Ҳама бозигарони “Барселона” бояд соати муайян аз 8:00 то 12:00 ба пойгоҳ меомаданд. Месси мебоист соати 10:15 ҳозир мешуд, аммо ҳозир нашуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив