LIVE

Месси: Ба ҳеҷ вачҳ сухани Это’о-ро фаромуш намекунам

Капитани "Барселона"- Лионел Месси як лаҳзаи суҳбати худро бо собиқ ҳамлагари Барса Самюэл Это’О ба хотир овард, ки он ба нафасҳои нахустини корномаи варзишиаш рост меояд. 
 “Ман он рӯзро ҳеҷгоҳ фаромуш намекунам. Это’о ба ман гуфт: "вақте, ки ба голзанӣ шуруъ мекунӣ, дигар худро дошта наметавонӣ. Баъд аз оне, ки як бор тӯб вориди тӯри дарвоза шуд, дигар тӯбҳоро яке пай дигаре ба дарвоза ворид кардан гирифтам. То аввалин голи худ, ман бисёр имкониятҳои голзанӣ доштам, аммо аз онҳо истифода бурда наметавонистам”, гуфтааст Месси.
Месси дар "Барселона" 705 бозӣ гузаронида, 618 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив