LIVE

Пас аз Куман навбат ба Пике, Алба ва Бускетс расид

Дар ҳайати дастаи "Барселона" пас аз рафтани Роналд Куман тағйироти куллӣ ба миён меояд. Раҳбарияти "нилунориҳо"  бар ин назар аст, ки даста бояд тоза карда шуда, чанде аз  бозигарон фурӯхт шаванд, хабар медиҳад Diario Sport.

Аз ҷумла, бошгоҳ аз бозии ҳимоятгарон Жерар Пике ва Жорди Алба ва нимҳимоятгар Серги Бускетс норозӣ аст.
"Барса" бар он ақидаест, ки барои баъзе бозигарон дар лоиҳаи нав ҷой нест. Онҳо нақша доранд, ки бо ин гуна футболбозон ҳарчӣ зудтар аз рӯйи  эҳтиром ҷудо шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив