LIVE

Тағйироти бузурги кадрӣ дар дастаи Роналду

Дар Про-лигаи саудиён   "Ал-Наср"-и Роналду дарвозабони мунтахаби  Колумбия Давид Оспинаро аз даста ҷавоб надод ва бар замми ин дифоъгари мунтахаби Австралия Азиз Бехичро ба даст овард. Ба сафи тими "Ал-Иттифоқ" бошад Секо Фофана ба иҷора рафт. "Ал-Наср" бозгашти дигарбораи Оспинаро ба хушнудӣ пазируфта, дарвозабони  35-сола, ки бори нахуст дар сафи даста моҳи январи соли гузашта бозӣ кард, ахиран аз ҷароҳат шифо ёфт. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар сафи мунтахаби  Колумбия дар бозии рафиқона зидди  Мексика бозӣ намуд ва гуфта мешуд, ки ӯ дар дастаи дигар идомаи маснади варзишӣ мекунад.  

Вале ахиран саудиён ӯро дигарбора бо хушнудӣ ба оғӯш кашиданду ӯ минбаъд низ дар бари Роналду шодмонӣ мекунад. Ғайр аз ин, Ал-Наср оиди имзокунии шартнома бо дифоъгари мунтахаби Австралия  Азиз Бехич то охири мавсим шартнома имзо намуд. Ин ҳам нафарест, ки чанде пеш дастааш дар марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар аз Кореяи Ҷанубӣ дучори шикаст гардида буд.
Мавсими ҷорӣ бошад бозигари 33-сола дар сафи "Мелбурн Сити" баромад мекард. Ҳамчунин маълум гардид, ки нимҳимоягари "Ал-Наср" Секо Фофана ва дифоъгар Абдулло Маду тариқи иҷораи нимсола ба сафи "Ал-Иттифоқ" пайвастанд. Дигардастаи Роналду ягон тағйироти кадрии зимистонӣ накарду бо ҳамин мехоҳад дар давоми талош кунад то ба чизе бирасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив