LIVE

Варан метавонад дар Арабистони Саудӣ идомаи маснади варзишӣ намояд

Дифоъгари марказии мунтахаби Фаронса ва «Манчестер Юнайтед» Рафаэл Варан метавонад ба сафи «Ал-Наср» пайвандад. Дар ин бора Football Transfers менависад.
Чӣ тавре сарчашма иттилоъ медиҳад, дар равзанаи сипаришудаи трансферӣ «Ал-Наср» бо Варан ба иртибот баромада, барояш шартномаи ҳамкорӣ пешниҳод намуда буд. Рафаэл аз ин пешниҳод даст кашид ва қарор кард, ки диққатро ба баромад дар сафи  «Манчестер Юнайтед» тамаркуз кунад. Вале оғози мушкили мавсим нияти дифоъгарро тағйир дод ва акнун бозигари фаронсавӣ мехоҳад варианти гузариш ба чемпионати Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Қайд карда мешавад, ки «Ал-Наср» мехоҳад корҳои гузаришии Рафаэлро дар моҳи январи соли 2024 амалӣ кунад.
Ёдрас мекунем, ки Варан аз моҳи августи соли 2021 дар ҳайати  «Манчестер Юнайтед» баромад карда, шартномаи феълии бозигари фаронсавӣ бо бошгоҳ аз Англия то моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив