LIVE

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё -2023 роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бар тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар доираи бозии даври   1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 зафар ёфт ва ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар даври мазкур миллипӯшони мо бо ғолиби ҷуфти   Ироқ – Урдун бозӣ мекунанд.
Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт – 1:1. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм баъди партофти Зоир  Ҷурабоев   Ваҳдат Ҳанонов кушод. Дар дақиқаи 90+5-ум бошад футболбозони АМА бо талошҳои Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ ҳисобро баробар карданд. Дар вақти экстра-тайм ё худ си дақиқаи иловагӣ касе шоҳиди гол нашуд. Ҳангоми иҷроиши силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад  бахт насиби мунтахаби Тоҷикистон хандид – 5:3. Дарвозабони мунтахаби мо Рустам Ятимов зарбаи бозигари мунтахаби АМА Кайо Кайседоро гардонида тавонист.  Бозигарони мо бошанд ҳамаи панҷ зарбаи хешро бехато ба гол табдил дода тавонистанд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби миллии Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё -2023 роҳ ёфт, ҷое, ки рӯзи 2-юми феврал бо ғолиби ҷуфти Ироқ – Урдун ба майдон меояд.
Ҷоми Осиё -2023. 1/8 ниҳоӣ
ТОҶИКИСТОН  –  АМА  – 1:1. тариқи пеналти – 5:3
Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0). Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Алишер Шукуров, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Табрез Исломов, 85), Шервониӣ Мабатшоев (Муҳаммаҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).
Беҳтарин бозигари дидор: Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон).
28-уми январ. Доҳа. Варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив