LIVE

Шикасти ҷавонони Тоҷикистон аз Урдун дар Ҷоми Осиё-2023

Дар Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «С» баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд  миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун  баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи урдуниҳо анҷом ёфт.
Ҳарчанд дар сонияи 30-юми бозӣ футболбози мунтахаби Урдун – Бакер Калбоунеҳ корти сурх гирифт ва имкони хуби пирӯзӣ барои футболбозони тоҷик ба миён омад. Аммо урдуниҳо тавонистанд, ки 10 нафара дар қисми аввали бозӣ ҳанӯз бо голҳои  Али Ал-Азайзах дар дақиқаи  7-ум ва  Сеиф Аддин Дарвиш дар дақиқаи 27-ум пешсаф шаванд.
Дар қисми дуюми бозӣ мо шоҳиди гол нашудем ва бо ҳамин натиҷа мунтахаби Урдун дар бозии аввал соҳиби 3 имтиёз шуду мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз тарки майдон кард.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2019 ҳамин ҳайати мунтахаби Тоҷикистон зери роҳнамоии Аҳлиддин Турдиев муқобили Урдун бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 музаффарият ба даст оварда буданд.
Ҳамакнун дар даври дуюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими  Умон ва Урдун бо Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 5-уми март майдондорӣ мекунанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив