LIVE

ДАСТАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БАРОИ БОЗӢ БО ТИМИ МИЛЛИИ УРДУН ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиро ба бозии аввали марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии ҷавонони Урдун идома медиҳад.

Имрӯз ҷавонони мо дар шаҳри Тошканд тамринҳои дуюмро доир намуданд. Машқҳо дар майдони захиравии варзишгоҳи «Ҷар» баргузор шуда, якуним соат давом карданд. Таҳти роҳбарии Олег Кубарев 22 нафар ба тамрин машғуланд. Нимҳимоятгар Фатҳулло Олимзода аз рӯи барномаи инфиродӣ тамрин дорад.

Бояд гуфт, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Урдун рӯзи 2 март дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив