LIVE

Ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона низ аз Сурия шикаст хӯрданд

Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дуюм миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо голи ягонаро нимҳимоятгар Ҳамзаҷон Аҳтамов дар дақиқаи 24-ум ба самар расонд.

Ин охирин рақобати санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пеш аз Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Рӯзи 27 феврал дастаи мо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё озими Тошканд мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахаби Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив