LIVE

Шикасти ҷавонони кишвар аз Сурия дар бозии дӯстона

Дар шаҳри Ҳисор бозии дӯстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Сурия – 1:0 анҷом ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 90+4 Муҳаммад Асад гардид.

Пеш аз оғози бозӣ футболбозони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ба хотираи қурбониёни офатҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва онҳое, ки бар асари заминларзаҳо дар Сурияву Туркия ҷон бохтанд, дақиқаи хомӯшӣ риоя карданд.

24 феврал тимҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии санҷишии дуюмашонро доир мекунанд. Вохӯрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив