LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сурия дар мавриди баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи 1 июн дар Дубай баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай тими миллии Тоҷикистон ба Бишкек рафта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони тими мо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив