LIVE

Футболбозони 20 солаи тоҷик бар ҳамсолонашон аз Озорбойҷон ғолиб шуданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия аввалин пирӯзии худро ба даст овард.
Дирӯз, 6-уми феврал ҷавонони мо таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Корнелия»-и Белек баргузор шуда, бо пирӯзии тими миллии Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо легионерҳо Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ гол заданд. Пеш аз оғози бозии дӯстона дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯширо риоя карданд.

Барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вохӯрӣ бо дастаи Озарбойҷон чаҳорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталия ба ҳисоб меравад. Қаблан ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1), бошгоҳи «Бухоро» (1:3) низ вохӯрда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив